Нақшаи даъвати баҳорӣ беш аз 70 дарсад иҷро шудааст

© Sputnik / Амир ИсаевСарбозони артиши Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Сарбозони артиши Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро то имрӯз 6 ноҳия ва 2шаҳри Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намуданд.

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 62% иҷро гардид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Вазорати мудофиа.

Ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони синну соли аз 18 то 27-сола, ки ҳуқуқи аз хизмат озод шуданро надоранд, даъват карда мешаванд. Ҳамасола маъракаи даъвати баҳорӣ  аз 1-уми апрел шурӯъ шуда, то 31-май давом мекунад.

Деньги. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Як “фурӯшандаи” билети ҳарбӣ боздошт шудааст

"Имрӯз дар ВМКБ- 75%, вилояти Хатлон- 72%, вилояти Суғд- 61%, навоҳии тобеи марказ- 57% ва шаҳри Душанбе- 38%-и нақша иҷро шуда, дар умум ҳаҷми иҷрои нақша дар қаламрави ҷумҳурӣ 62%-ро ташкил медиҳад",- иброз медорад сухангӯи Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадализода.

Маврид ба тазаккур аст, ки ҳамасола ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар наздики 15-16 ҳазор ҷавонон даъват мешаванд. Дар қаламрави ҷумҳурӣ теъдоди 600 ҳазор ҷавонони синну соли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба қайд гирифта шуда, наздики 150 ҳазор нафари онҳо аз хизмат озод гардидаанд, ё бо сабаби саломатӣ барои хизмати ҳарбӣ мувофиқ нестанд. Дар баробар ин теъдоди 100 ҳазор шаҳрвандони синну соли ҳарбӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.

Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ се навъи ҷузву том- Қушунҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоиро дар бар мегирад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0