Як “фурӯшандаи” билети ҳарбӣ боздошт шудааст

© Sputnik / Владимир Сергеев / Гузариш ба медиабонкДеньги. Архивное фото
Деньги. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Омӯзгори мактаби миёна ба як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ваъда додааст, ки дар ивази 1300 доллари амрикоӣ барояш билети ҳарбии “нигодний” омода мекунад.

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Як омӯзгори тайёрии ҳарбии мактаби миёна дар вилояти Суғд бо гумони гирифтани пора барои омода намудани билети ҳарбӣ аз сӯи Оҷонсии мубориза бо фасод боздошт шудааст, хабар медиҳад сомонаи ин ниҳод.

Хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Президент ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиш даъват кард

Тавре дар сомона омадааст, 11-уми март ба раёсати ин ниҳод дар Суғд шаҳрванд Бобомуллоев К.Қ. муроҷиат карда, арз доштааст, ки омӯзгори тайёрии ҳарбии мактаби миёнаи № 38 ноҳияи Б.Ғафуров Абдуқаюм Исматов, барои тайёр кардани билети ҳарбии ғайриқобили амал барои адои хизмат, ба номи шаҳрванд Бобомуллоев К.Қ., 1300 доллари ИМА-ро талаб кардааст.

"Ӯ илова кардааст, ки Исматов аз маблағи талабкардааш, рӯзи 6 март 200 долларро гирифта, боқимонда 1100 доллари боқимондаро талаб карда истодааст. 12 март Абдуқаюм Исматов баъди гирифтани 500 доллари ИМА дастгир шуда, далелҳои шайъӣ аз ӯ мусодира гардиданд", — менависад сомона.

Ба иттилои Оҷонсии зидди фасод, феълан алайҳи боздоштшуда ба иттиҳоми қаллобӣ — моддаи 247 қисми 2 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома доранд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 12-уми март бо судури як фармон дастур додааст, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлаташонро адо кардаанд, рухсат дода шаванд ва даъвати наваскарон оғоз гардад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон дод, шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997-и кишвар ба хизмати ҳарбӣ даъват гарданд. Раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки мутобиқи моддаи 23-и қонуни Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» барои ташкил намудани даъвати шаҳрвандон раиси шаҳру ноҳия масъуланд.

Лентаи хабарҳо
0