ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон тамринҳои омӯзишии СПАД "Ҷустуҷӯ-2016" анҷом пазируфтанд. Чунин навъи тамринҳои бузург тайи 30-40 соли охир гузаронида нашуда буданд.
Дар бораи он ки чӣ гуна бояд бо террористон мубориза бурд, дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон Хуршеда Ҳамроқулова ибрози назар кард.
Коршинос изҳор дошт, ки бо созмонҳои террористӣ бояд якҷоя мубориза бурд.
"Агар мо қувваи худро ҷамъ намоем (кишварҳои аъзои СПАД-шарҳ аз идора), метавонем бисёр корҳоро анҷом диҳем",-қайд кард ӯ.
Дар рафти омӯзиш низомиёни кишварҳои СПАД амалиёти муштарак оид ба иҷрои вазоифи махсусро анҷом доданд. Харитаи минтақаҳои лозима маълум карда шуда, барномаи машқҳо барои солҳои оянда сохта шуданд.
Ҳамроқулова изҳор дошт, ки чунин омӯзишҳо бояд ҳар чӣ бештар гузаронида шаванд, то террористон ҳатто дар бораи ҳамла ба кишварҳои СПАД фикре ҳам надошта бошанд.
Коршинос ҳамчунин қайд намуд, ки дар паи зиёд шудани хавфи террористон ва бештар гардидани таъсири гурӯҳи ҷиноятпешаи "Давлати Исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ва "Толибон" Русия солҳои зиёд сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро зери назорат гирифтааст.
Ӯ ёдовар шуд, ки чанде қабл дар Тоҷикистон омӯзиши муштаракаи қувваҳои муссалаҳи Тоҷикистону Русия баргузор гардиданд. Бори аввал дар таърих дар баробари сарбозони пойгоҳи 201-ум дар омӯзишҳо қувваҳои иловагӣ ва техникаи ҳарбии Округи Ҳарбии Марказӣ (ОҲМ) низ ширкат доштанд.
Каме ногаҳонист, ки бо дарназардошти хатари бузурги террористӣ қарор дар бораи кам кардани шумораи намояндагони пойгоҳи 201 қабул гардид, гуфт Ҳамроқулова.
Вале дар баробари ин қаблан сафири ФР дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов қайд намуд, ки кам намудани шумораи намяндагони пойгоҳи 201-ум ба тавоноӣ ва қувваи онҳо дар мубориза бар зидди террористон бетаъсир хоҳад монд. Ба қавли сафир пойгоҳи 201-ум "ҳамаи вазифаҳои вобаста ба ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар ва таъмини вазъи ҳарбӣ- сиёсиро ба хубӣ иҷро хоҳад намуд".
Ҳамроқулова ҳамчунин иброз дошт, ки Русия бояд ба Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм кӯмак расонад: бо маблағ ва аслиҳа.
"Ин барои ҳифзи худи онҳо низ зарур аст",-хулоса кард масъули маркази фарҳангӣ Хуршеда Ҳамроқулова.