Омӯзиши кашфи низомии кишварҳои СПАД дар Тоҷикистон шурӯъ шуд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкТамриноти СПАД. Акс аз бойгонӣ
Тамриноти СПАД. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кишварҳое, ки дар омӯзиш ширкат варзиданд воситаҳои техникии худро барои кашфи низомӣ, ба намояндагони қувваҳои низомии кишварҳои СПАД муаррифӣ намуданд, қайд кард дабири кулли СПАД Николай Бордюжа.

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Омӯзиши кашфи низомии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД)-и "Ҷустуҷӯъ-2016" дар Тоҷикистон оғоз гардид, дар маросими ифтитоҳ дабири кулли СПАД Николай Бордюжа ширкат варзид, иттилоъ медиҳад рӯзи душанбе хадамоти матбуотии СПАД.

Маросими кушодашавии омӯзиши муштарак  дар пойгоҳи "Мағоб" ВС-и Тоҷикистон баргузор гардид. Дар баробари дабири кулл дар маросими ифтитоҳ роҳбари ситоди муштараки СПАД Анатолий Сидоров ва вазири мудофиаи ҶТ Шералӣ Мирзо ширкат варзиданд.

Дабири кулли СПАД Николай Бордюжа - Sputnik Тоҷикистон
Бордюжа ба Тоҷикистон омад. Барои ширкат дар “Ҷустуҷӯ-2016”

"Хеле муҳим аст, ки аксари кишварҳо ки дар омӯзиши муштарак ширкат доранд,усулҳои низоми кашфи худро нишон доданд бо ин усулҳо ҳамаи кишварҳои аъзои СПАД шинос хоҳанд шуд ва истифодаи мутаносиби онро ба роҳ хоҳанд монд. Аз ҳама муҳимаш самаранокии истифодаи амалиётҳо барои иҷрои вазифаҳои асосӣ мебошад",-изҳор дошт Бордюжа.

Дар ин тамринҳо ҳудуди 1500 афсару сарбози ниҳодҳои раҳбарикунанда ва ҷузву томҳои иктишофии артишӣ, махсус, радиоэлектронӣ, ҳавоӣ ва намудҳои дигари воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ширкат мекунанд.

Сарбозони нерӯҳои кашфиёт дар рафти тамринот таҷрибаи гузаронидани тафтишот дар кӯҳҳо, ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил ва табодули иттилоот, ҳамчунин гузаронидани амалиёти махсус барои дастгир ва нобуд намудани минтақаҳои муҳим дар мавзеҳои ношиносро меомӯзанд.

 

Лентаи хабарҳо
0