Аз аввали сол ба Тоҷикистон 11,4 миллион доллар ҷудо шудааст

© Sputnik / Амир ИсаевСарбозон ёрии башардӯстонаро аз мошин мефароранд. Акс аз бойгонӣ
Сарбозон ёрии башардӯстонаро аз мошин мефароранд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зиёда аз 30 кишвари хориҷӣ ба Тоҷикистон 6,2 ҳазор тонна ёрии башардӯстонаи иборат аз маводи озуқа, доруворӣ ва дигар намуди маҳсулот ворид намудаанд.

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Тайи се моҳи аввали соли равон бархе аз кишварҳо дар ҳаҷми 11,4 миллион доллар ба Тоҷикистон ёрии башардӯстона равон кардаанд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Агентии омори назди президенти кишвар.

Кӯмаки башардӯстона аз ҷониби ҳукумати 32 мамолики хориҷӣ баробар ба 6,2 ҳазор тонна ба кишвар ворид гардид.

Дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон орд, равғани растанӣ, маводи дорӯворӣ ва дигар намуди маҳсулотро гирифтааст.

Авоқиби селоб дар рустои Бедак - Sputnik Тоҷикистон
Чин ба Тоҷикистон ба маблағи $1,6 млн кӯмаки башардӯстона мекунад

Дар байни кишварҳои донор  ба ҷумҳурӣ  аз Чин-36,1%, Русия — 19%, Покистон — 11,2%, Ҳиндустон — 8,7%, Дания — 4,5%  ёрии башардӯстона ворид гардидааст.

Дар баробари ин кишварҳое чун Туркия (3,4%), Озарбойҷон (3,3%), Фаронса (3%), Таиланд (2,3%), Нидерланд (2%), ИМА(1,9%)  ва Корея (0,9%) низ саҳми худро гузоштанд.

Дар ҳамин давраи соли 2015 ба Тоҷикистон бо маблағи умумии 10,3 миллион доллар кӯмаки башардӯстона ворид гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0