ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар давоми рӯзҳои истироҳат аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъадори назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се парвандаи марбут ба қочоқи маводи мухаддир ошкор гардид.
Дар паи амалиётҳои ҷустуҷӯӣ дар қаламрави шаҳри Душанбе сокини 46-солаи кишвар дастгир шуд. Дар рафти тафтишот аз бағоҷи мошини дастгиршуда, 30 борхалтаи дорои бӯи махсус дарёфт ва мусодира гардид.
Бино ба ташхиси Шӯъбаи экспертизаи агентӣ он маводи ҳашиш буда, вазни умумии он 29,3кг-ро ташкил медиҳад.
Нисбати шарикони дигари ин ҷиноят чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Ҳамчунин дар пойтахт шаҳрванди 32-сола бо гумони даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардид. Дар дафти тафтишот аз ӯ 5 халта ҳероин бо вазни умумии 327,7 гр дарёфт ва мусодира шуд.
Дар бробари ин кормандони Идораи Агентии вилояти Суғд дар паи амалиётҳои вижа сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо гумони гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуданд. Дар рафти гузаронидани тафтишот дар манзилаш бо ёрии саги хизматӣ халтае, ки дар дохилаш 171 гр. ҳашиш мавҷуд буд дарёфт гардид.
Аз рӯи ҳамаи ҳодисаҳои дар боло зикршуда, парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.