Баргузории "хонишҳои ломоносовӣ" дар бахши донишгоҳи Ломоносови ҶТ

© Sputnik / Амир ИсаевФилиали ДДМ ба номи Ломоносов (МГУ) дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Филиали ДДМ ба номи Ломоносов (МГУ) дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар конфронси имсола, ки дар шаҳри Маскав баргузор гардид, устод ва шаш шогирди филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе иштирок ва маърӯза намуда, бо диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Рӯзи гузашта дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе "Хонишҳои ломоносовӣ" бо иштироки устодон ва донишҷӯёни ин таълимгоҳ баргузор гардиданд.

Хонандагон ҳангоми дарс. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ғолибони олимпиадаҳо дар Тоҷикистон ба донишгоҳҳо роҳхат гирифтанд

"Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ татбиқ ва пешниҳоди корҳои илмии донишҷӯёну устодони филиали донишгоҳ мебошад. Ҳамасола ин чорабинӣ дар охири моҳи апрел сурат мепазирад",- иброз дошт сарвари иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Сайъало Мирзоев.

Ба қавли ӯ, ба ҷузъ ин, дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Маскав конфронси илмию амалӣ баргузор мегардад ва устодону донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе дар он иштирок намуда, корҳои илмии худро муаррифӣ мекунанд.

Ҳамзамон, дар конфронси имсола, ки дар шаҳри Маскав баргузор гардид, устоди донишгоҳ ва шаш шогирди филиали ДДМ ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе иштирок ва маърӯза намуда, бо диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Лентаи хабарҳо
0