Ғолибони олимпиадаҳо дар Тоҷикистон ба донишгоҳҳо роҳхат гирифтанд

© Sputnik /  / Гузариш ба медиабонкХонандагон ҳангоми дарс. Акс аз бойгонӣ
Хонандагон ҳангоми дарс. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи фанҳои табиӣ гурӯҳи муҳассилини макотиби шаҳри Душанбе ҷои аввалро ишғол намуданд. Мақоми дуюм ва сеюм насиби донишомӯзони вилояти Суғд ва Хатлон гардид.

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанҳои табиӣ ва риёзӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.

Рафти имтиҳон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Маркази миллии тестӣ мизбони Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ

Толибилмони макотиби мутавасситаи кишвар дониши худро аз рӯи фанҳои биология, ҷуғрофия, риёзӣ, информатика, физика ва кимиё санҷиданд.

Дар бахши ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ, ки дар пойтахт доир гардид, 324 донишомӯз иштирок дошт.

Аз миёни онҳо даҳ нафар ғолибони озмун соҳиби мукофоти олӣ —роҳхат ба донишгоҳҳои Тоҷикистон бидуни имтиҳон гардиданд.

Манбаъ мегӯяд, аз рӯи шумораи медалҳо, донишомӯзони шаҳри Душанбе бо касби 21 нишон мақоми аввалро соҳиб гардида, ҷои дувум насиби хонандагони макотиби Суғд (17 медал) шуд. Толибилмони вилояти Хатлон бо 8 нишон дар мақоми севум қарор гирифтанд.

Ҳафтаи равон дар мактаби байналмиллалии президентӣ дар Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯи фанҳои гуманитарӣ баргузор хоҳад шуд.

 

Лентаи хабарҳо
0