ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дар пойтахти кишвар мулоқоти муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо (ИА) таҳти роҳбарии намояндаи вижаи созмон дар Осиёи Марказӣ Петер Буриан баргузор гардид, менависад сомонаи ВКХ ҶТ.
Аснои нишст ҷонибҳо равандҳои муҳимми ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ баҳри такмил ва татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, масъалаҳои минтақавӣ, амниятӣ, обу нерӯ ва дигар масъалаҳои муҳимро баррасӣ карданд.
Ба иттилоъи манбаъ, дар мулоқот сардори Раёсати мутобиқати рушди Комиссияи Аврупо Йобст фон Кирчман, мудири Шӯъбаи мутобиқати ҳамкорӣ дар соҳаи рушди ИА Филберто С.Себергонди, мудири Шӯъбаи оид ба пешгирии низоъ М.Василевск, мудири Шӯъбаи Осиёи Марказии ИА Беренис Мурайле, роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Хидайет Бишчевич ва чанд тани дигар ширкат доштанд.