ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳодияи Аврупо, рӯзи 15-уми апрел эътимодномаи худро ба президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск супурд.
Ба иттилоъи расида, ҷаноби Донал Туск сафирро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин мақом шодбош гуфта ва дар иҷрои рисолали дипломатиаш, комёбиҳо таманно кардааст.
Аснои нишаст Эркинхон Раҳматуллозод бо Донал Туск масоили мухталиф, аз ҷумла ҳамкориҳои тарафайн оид таъмини амният, мубориза бо таҳдиду хатарҳо муосирро баррасӣ карданд. Сафири навтаъини Тоҷикистон аз нақши мусбати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар амалӣ шудани тарҳҳои минтақавӣ, аз ҷумла лоиҳаи КАСА-1000, сипосгузорӣ намудааст.
Бояд тазаккур дод, ки Эркинхон Раҳматуллозода рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ бо фармони президент намояндаи доимӣ дар назди Иттиҳоди Аврупо ва НАТО таъин гардид. Ӯ то ин замон дар мақоми ёрдамчии раисиҷумҳур дар умури робитаҳои хориҷӣ кор мекард ва дар симмати нав Рустамҷон Солиевро иваз намуд.