Шаҳрванди Тоҷикистон бар асари муноқиша кушта шудааст

© Sputnik / Михаил ФомичевКормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҷои ҳодиса. Акс аз бойгонӣ
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҷои ҳодиса. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи шоҳидон сабаби муноқиша пул будаст. Ду гумонбари қазия дар ҷои ҳодиса дастгир гардиданд, гуфт сухангӯи дафтари матбуотии сафорати ҶТ дар ФР Сарвар Бахтӣ бо такя ба Кумитаи тафтишотии ФР дар Маскав. Феълан, парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар ноҳияи Бирюлёвои Маскав миёни шаҳрванди Тоҷикистон ва гурӯҳи ҷавонон аз Қафқоз муноқиша ба вуқӯъ пайваст.

Тавре сухангӯи Сафорати ҶТ дар ФР Сарвар Бахтӣ ба  Sputnik Тоҷикистон хабар дод, Рамазон Шоимов сокини 24-солаи  ноҳияи Ёвон кушта шуда, Рузибек Сармонов, шаҳрванди дигари Тоҷикистон ҷароҳат бардоштааст.

Муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз кишварҳои Осиё Марказӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нигаронии маскавиҳо аз муҳоҷират, ҷиноёти қавмӣ ва кисабурон

"Мувофиқи маълумоти шоҳидон сабаби мубориза пул будааст. Зодагони Қафқоз аз муҳоҷирони Тоҷикистонӣ пул талаб намудаанд ва ҳангоми посухи рад гирифтан байни онҳо муноқиша шудааст. Шаҳрвандони Қафқоз аз 4-5 нафар иборат буданд",-гуфт оқои Бахтӣ.

Нафари дуюм (шаҳрванди Тоҷикистон- шарҳ аз идора) бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхонаи Склифосовский таҳти муолиҷаи пизишкон қарор дорад.

Намояндагони сафорати ҶТ дар Маскав ва масъулини Вазорати меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз аҳволи Сармонов хабар гирифтанд. Чуноне Сарвар Бахтӣ қайд намуд, вазъи ҷабрдида хуб аст.

"Ӯ бо корд дар қисми пушташ ҷароҳат бардоштааст, ҳоло худро хубтар ҳис мекунад, вазъияташ беҳтар мешавад",-қайд кард дипломати тоҷик.

Чуноне аз бемористони Склифасовский ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҷавони 19-сола ба утоқи умумӣ интиқол ёфта, вазъи саломатиаш беҳтар шудааст.

Бо иттиҳоми даст доштан ба қазияи мазкур ду нафар дастгир шуданд, изҳор дошт Сарвар Бахтӣ бо истинод ба КТ ФР дар Маскав.

 

Лентаи хабарҳо
0