Нигаронии маскавиҳо аз муҳоҷират, ҷиноёти қавмӣ ва кисабурон

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкМуҳоҷирони ғайриқонунӣ аз кишварҳои Осиё Марказӣ. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз кишварҳои Осиё Марказӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таҳқиқ тафтиш ва назарсанҷии мақомоти интизомии Маскав ҳокӣ бар он аст, ки сокинони пойтахти Русияро бештар аз ҳама масоили муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҷиноятҳои қавмӣ ва кисабурон ба ташвиш меорад

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Бештар аз ҳама муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҷиноёти қавмӣ боиси норозигии сокинони Маскав гардидааст. Ин натиҷа пас аз баргузории як назарсанҷии РКД-и пойтахти Русия ба даст омад, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Натиҷаи назарсанҷиро раиси идораи пулиси Маскав Анатолий Якунин рӯзи чаҳоршанбе аснои суханронӣ дар Думаи шаҳрӣ дар ҳузури вакилон ироа дошт.

"Аз ҷониби мо ҳамеша мониторинг ва таҳлили ҳаводис сурат мегирад. Мо афкори ҷомеаро ба назар мегирем ва бар тибқи он хулосабарорӣ мекунем. Назарсанҷии ахир нишон дод, ки бештар аз ҳама масоили марбути муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҷиноёти қавмӣ боиси нигаронии сокинони пойтахт шудааст. Имсол барои аввалин бор кисабурӣ ташвиши аҳолиро ба бор овардааст",- илова кард Якунин.

Гуфтанист, бо зиёд гардидани ҷиноятҳои майдавбошӣ ва кисабурӣ дар Маскав шӯъбаи нави мубориза алайҳи ин зуҳурот дар назди Раёсати корҳои дохила таъсис дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0