Роҳбари ҳайати нозирони ИДМ дар раъйпурсии Тоҷикистон маълум шуд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкОвоздиҳӣ. Акс аз бойгонӣ
Овоздиҳӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Референдуми умумихалқӣ дар Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ рӯзи 22 май дар саросари кишвар ва дар бархе аз кишварҳои хориҷӣ, ки шаҳрвандони мо ба сар мебаранд, сурат мегирад.

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Муовини аввали Кумитаи иҷроия — Дабири иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун ҳайати нозиронро аз ин иттиҳод дар мониторинги раъйпурсии умумихалқӣ дар Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад.

Шукурҷон Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Зуҳуров ба Рашт рафт. Барои шарҳи тағйиру иловаҳои Сарқонун

Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ имрӯз бо пахши як баёния гуфт, дар ҷаласаи навбатии рӯзи 19 апрели Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори кишварҳои узви ИДМ дар назди мақомоти оиномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод номзадии Владимир Гаркун мувофиқа шудааст.

"Корҳои ташкили ҳайати нозирон айни замон идома дошта, ба ин гуруҳ шомил гардидани намояндагони кишварҳои иттиҳоди ҳамгиройӣ, Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ ва Маҷлиси парлумонии Иттифоқи Беларус ва Русия дар назар аст",- менависад манбаъ.

Маврид ба ёдоварист, маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон рӯзи 22 май доир мегардад.

Лентаи хабарҳо
0