Зуҳуров ба Рашт рафт. Барои шарҳи тағйиру иловаҳои Сарқонун

© Sputnik / Григорий СысоевШукурҷон Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ
Шукурҷон Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон санаи баргузории ҳамапурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро дар ҷаласаи рӯзи 10 феврали худ 22 майи соли 2016 таъин кард.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров ба минтақаи Рашт сафар кард, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат.

Бино ба қавли сухангӯи Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, ҳадафи ин сафар    расонидани нуктаҳои вижаи пайёми  президент Эмомалӣ Раҳмон ва шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия мебошад.

"Оқои Зуҳуров дар мулоқот бо сокинони Рашт роҷеъ ба муҳтавои пайёми раисиҷумҳур, раъйпурсии умумихалқӣ ва қонунҳои ба тозагӣ қабулнамудаи вакилон суҳбат хоҳад кард",- илова намуд ӯ.

Маҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Убайдуллоев: тағйиру ислоҳоти Конститутсия тақозои вақту ҷомеа аст

Раиси Маҷлиси намояндагон дар доираи ин сафараш, ки 10 рӯз идома хоҳад кард, аз навоҳии Тоҷикобод, Ҷиргатол, Тавилдара, Нуробод боздид намуда, бо фаъолону сокинони минтақа мулоқот менамояд. Аснои мулоқоту дидорҳо раиси МН ба суолу дархостҳои сокинон посух хоҳад дод.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон  санаи баргузории ҳамапурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро дар ҷаласаи рӯзи 10 феврали худ 22 майи соли 2016 таъин кард.

Маврид ба ёдоварист,  дар пайи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Тоҷикистон  шурӯъ аз 15 феврал маъракаи таблиғоти қабл аз раъйпурсии ислоҳоти Қонуни асосӣ шурӯъ шуда, вакилони Маҷлиси намяондагон низ барои мулоқот ба мардум ба як қатор навоҳии кишвар сафарбар шудаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0