Нашъаҷаллоб 8 сол ҳукм гирифт

© Sputnik / В. Немировский / Гузариш ба медиабонкБангдона. Акс аз бойгонӣ
Бангдона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба қочоқчии маводи мухаддир ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 сол бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъин гардид.

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон чанде қабл парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Муродов Фирӯз Хуршедовичро бо моддаи 200, қисми 3, бандҳои "в", "г"  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба додгоҳ ирсол карда буд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Прокуратураи генералӣ.

Ҳашиш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кашфу мусодираи 7 кило ҳашиш дар Душанбе

Ба қавли манбаъ, шаҳрванд Муродов рӯзи 14 январи соли 2016, дар ноҳияи Ёвон, кӯчаи Ҷавонӣ, дар наздикии шоҳроҳи Ёвон —Душанбе ҳангоми ба харидори шартӣ барои фурӯш пешниҳод намудани 1килову 260 грамм воситаи нашъадори навъи ҳашиш аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шуд.

Зимнан, бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, боздоштшуда Муродов бо моддаҳои дар боло номбаршуда гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 сол бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъин гардид.

 

Лентаи хабарҳо
0