Рафаэллои қирғизӣ: ҷашнвораи қурут дар Бишкек

© Табылды КадырбековҶашнвораи қурут дар Бишкек
Ҷашнвораи қурут дар Бишкек - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар фестивал намояндагони ҳафт вилоят-истеҳсолкунандагони маҳсулоти ширӣ иштирок карданд. Барои меҳмонон барномаҳои гуногуни фароғатӣ пешниҳод гардид.

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Дар Бишкек ҷашнвораи маҳсулоти ширии турш-қурут доир гардид, иттилоъ медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Ҷашнвора рӯзи якшанбе дар донишгоҳи Қирғизистону Туркия "Манас" баргузор шуд.

Дар фестивал намояндагони ҳафт вилоят-истеҳсолкунандагони маҳсулоти ширӣ иштирок карданд.

Бозори Шоҳмансур. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар моҳи Рамазон фурӯши маҳсулот бо нархи арзон роҳандозӣ мегардад

Қурутҳо намудҳои гуногун дошта, бо иловаҳои ҳархела пешкаши меҳмонон гардонида шуданд. Дар баробари ин намояндагон ба тамошобинон тарзи тайёр намудани қурутро нишон доданд. Ҳамчунин, барои меҳмонони намоиш барномаҳои варзишӣ ва консертӣ пешниҳод гардид.

Қурут-ин маводи хӯрокаи аз шир тайёршуда бо шакли гирд, ки маззаи турш дорад мебошад. Қурут аз шир тавассути коркарди махсус истеҳсол мешавад. Ин намуди ғизоро ҳамчунин "рафаэллои қирғизӣ" низ меноманд, чун шакли гирд дорад ва ранги сафед.

Лентаи хабарҳо
0