ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар қиболи болоравии нарху коҳиши воридоти коло ва беқурбшавии сомонӣ дар Тоҷикистон сатҳи таваррум муътадил арзёбӣ мешавад, хабар додааст сомонаи Бонки миллӣ.
Сатҳи таваррум дар ҷамъбасти моҳи августи соли равон муътадил арзёбӣ шуда, ҳамагӣ 0,5 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,2 банди фоизӣ паст мебошад.
Нишондиҳандаи мазкур дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ба 3,2 фоиз баробар шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,2 банди фоизӣ паст аст. Дар зарфи 12 моҳи охир бошад, таваррум 5,1 фоизро ташкил дод.
Тавре иқдисодшиносон мегӯянд, коҳиши пайвастаи таваррум дар Тоҷикистон маънои онро дорад, ки сокинон ба умеди поин рафтани нархҳо феълан аз истифодаи маблағҳои захиравияшон худдорӣ мекунанд. Дар натиҷа қобилияти харидорӣ поин рафта, боиси коҳиш ёфтани воридоти коло хоҳад шуд.
Бо ин ҳол, эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки таваррум дар Тоҷикистон аз сӯи Бонки миллии кишвар назорат ва ба хотири пешгирӣ аз болоравии якбораи нархҳо ба таври сунъӣ нигаҳ дошта мешавад.
Дар иттилоияи Бонки миллӣ омадааст, меъёри бозтамвил, ки яке аз фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ба шумор меравад, дар давраи ҳисоботӣ бе тағйир дар сатҳи 8,0 фоиз қарор дорад.
Дар авоили соли ҷорӣ ҳукумати кишвар пешбинӣ кард, ки сатҳи таваррум дар соли 2015 ҳудуди 7,5% хоҳад буд.