Э.Раҳмон ба муҳоҷирон: ман доим дар фикри шумо ҳастам

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо муҳоҷирон дар шаҳи Уфа. 8 июли 2015
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо муҳоҷирон дар шаҳи Уфа. 8 июли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар мулоқоте, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Уфаи Русия бо муҳоҷирон ва намояндагони диаспораҳои тоҷикон барпо кард, аз муҳоҷирон хостааст, то ба ДИИШ напайванданд ва дар фикри ватан бошанд.

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷики муқими Бошқирдистон аз "душмани Ислом" будани "Давлати исломӣ", ҳамеша дар фикри шаҳрвандони муҳоҷир будани худ гуфтааст, менависад сомонаи президент.

Дар Уфаи Русия ба Эмомалӣ Раҳмон унвони профессори фахрӣ доданд

Мулоқоти мазкур рӯзи чоршанбеи 8 июл баргузор шудааст. Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо намояндаи диаспора ва муҳоҷири меҳнатии тоҷик гурӯҳи бо ном "Давлати Исломи"-ро хатарнок ва душмани ислом хонда, изҳор доштааст, он на танҳо бо зиндаҳо, балки бо мурдаҳо низ меҷангад ва даст ба хароб кардани қабрҳо мезанад.

Раисҷумҳур таъкид кардааст, ҷиноятҳои ваҳшатноки ин гуруҳи террористӣ, ки ҳазорон одамони бегуноҳ, пиронсолону занону кӯдаконро қатл кардааст, гувоҳи он аст, ҳадафи бунёдгузорон ва роҳбарони "Давлати исломӣ" беобрӯ кардани Ислом ва дар дили инсонҳо ҷо кардани тарсу ҳарос аз ин дини муқаддас аст.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар бисёр мулоқоту суханрониҳояш ҳамеша изҳор медорад, ки экстремизму терроризм, зӯровариву хушунат ва қатлу куштор бо дини мубини Ислом ягон робита ё умумияте надорад.

"Зеро Ислом дини сулҳу салоҳ ва ойини тараҳҳуму инсондӯстона мебошад. Хусусан, мазҳаби ҳанафии Ислом, ки мо пайрави он мебошем ва таълимоти асосгузори он — Имоми Аъзам, ки пири мазҳаби мо мебошад, инсонҳоро ба таҳаммулгароӣ ва муросову мадоро даъват мекунад", — таъкид кардааст президент.

Президенти ҶТ барои ширкат дар ҷаласаи СҲШ ба Уфаи ФР парвоз кард

Бино ба гуфтаи президенти кишвар, аз рӯи таҳлилҳои коршиносон гуруҳҳои тундрав дар бештар маврид дар миёни муҳоҷирон ва онҳое, ки аз муҳити хонавода дур афтодаанд, таблиғоти худро ба роҳ мемонанд, зеро ҷавононе, ки болои сарашон шахси маслиҳатдеҳ ва насиҳаткунанда надоранд, метавонанд ба осонӣ фирефтаи тарғиботи гуруҳҳои тундрав ва ифротгар шаванд.

"Бинобар ин, шумо ҳамдиёрони азиз, ки ба кишвари дӯсту бародари Русия бо нияти неку бо меҳнати ҳалол таъмин кардани зиндагии осудаҳолонаи падару модар ва наздикону пайвандонатон омадаед, хуб меҳнат кунед, бо ҳамдиёрон тифоқ бошед, ҳамдигарро дастгирӣ намоед. Онҳое, ки калонсолу ботаҷриба ҳастанд, бояд ҳидоятгари ҷавонон бошанд, ба онҳо роҳи дурусти зиндагиро фаҳмонанд, ба худшиносиву худогоҳӣ даъват намоянд, роҳи фарқ кардани неку бад ва ҳаққу ноҳақро ёд диҳанд", — гуфтааст раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони диаспораи тоҷик гуфтааст, "ҳар яки шумо бояд хислатҳои неку ҳамидаи миллиамонро минбаъд низ пос доред, ҷавононро аз роҳи бад гардонед, аз аҳли хонадон ва наздиконатон, ки дар Ватан ҳастанд, бехабар набошед ва доим дар фикри Ватан, ободии он болоравии обрӯи тоҷикон бошед".

Дар идомаи суханронии худ, раисиҷумҳур дар хитоб ба муҳоҷирон гуфтааст, "ҳамеша дар фикри шумо ва интизори шумо ҳастем, тамоми саъю талоши худро ба он равона месозем, ки масъалаву мушкилоти кору фаъолият ва будубоши шуморо ҳаллу фасл кунем".

Лентаи хабарҳо
0