Назаров ва Ҳайдаров аз Тоҷикистон- довталабони ҷоизаи "Содружество"

© Sputnik / Амир ИсаевАсари рассоми тоҷик Вафо Назарова. Акс аз бойгонӣ
Асари рассоми тоҷик Вафо Назарова. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои дарёфти ҷоизаҳои "Ситораҳои Иттиҳод" 12 номзад аз 8 кишвар пешниҳод гардида, пас аз баҳсу баррасии ҳакамон ба 8 нафар аз онҳо мукофоти мазкур тақдим мегардад.

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дар соли равон академики Академияи улуми Тоҷикистон Карим Ҳайдаров ва Рассоми халқии Тоҷикистон Вафо Назаров барои дарёфти ҷоизаи байнидавлатии "Ситораҳои Иттиҳод" (Звезды Содружества) пешбарӣ шуданд, менависад дафтари матбуотии Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Ба ҳунари рассомони тоҷик дар Маскав баҳои баланд доданд

"Ин ҷоиза дар се бахш — илму маориф, фарҳангу ҳунар ва ҳамчунин фаъолияти гуманитарӣ тақдим гардида, аз мукофотпулӣ (2 млн. рубл), ифтихорнома, нишони фахрӣ ва шаҳодатнома иборат аст",- меафзояд манбаъ.

Дар соли равон барои дарёфти ҷоизаи "Ситораҳои Иттиҳод" 12 номзад аз 8 кишвар пешбарӣ гардида, пас аз баҳогузории ҳайати доварон 8 нафар гирандагони он то 1- май эълон мешаванд.

Соли ҷорӣ барои дарёфти ин ҷоиза аз Қирғизистон — 3 номзад, аз Русия — 2, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон ва Молдова — 1 нафарӣ ва гурӯҳи муаллифон аз Боғи ботаникии Белорус пешбарӣ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0