ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Асарҳои рассомони тоҷик дар Намоишгоҳи XIX-уми байналмилмилалии рассомон дар Маскав сазовори баҳои арзандаи тамошобинон ва коршиносон гардиданд, иттилоъ медиҳад Сафорати Тоҷикистон дар ФР.
"12 асари рассомони тоҷик Сабзалӣ Шарипов ва ҳунарманди ҷавон Мурод Шарипов ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Расмҳои ҳамватанонамон диққати меҳмонони зиёди намоишгоҳро ба худ ҷалб карда, соҳиби баҳои баланд гардиданд ",- менависад дафтари матбуотии сафорат.
Дар ифтитоҳи намоишгоҳ Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ширкат варзида, ба рассомон ва ташкилкунандагони ин намоишгоҳ барои таҳким бахшидани муносибатҳои фарҳангӣ байни давлатҳои ИДМ изҳори сипос намуд.
Оқои Сатторов қайд намуд, ки чунин чорабиниҳо барои таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи фарҳанг ва баланд бардоштани мавқеъи Тоҷикистон тавассути санъат мусоидат хоҳад кард.
Ба гуфти масъули намоишгоҳ Маргарита Карлова, Сабзалӣ Шарипов "болаёқаттарин рассоми муосир" ба шумор рафта, асарҳои ӯ дар фонди Конфедератсияи байналмиллалии рассомон, Вазорати фарҳанги ФР ва дигар маъхазҳои бонуфуз нигоҳ дошта мешаванд.