ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Мувофиқи гузориши Оҷонсии ҷаҳонии зиддидпингӣ (WADA) кулли варзишгароне, ки бо ҷурми истифодаи мелдоний аз идомаи ширкат дар сабқатҳои байналмилалӣ маҳрум карда шуда буданд, афв хоҳанд шуд, иброз дошт варзишгари рус Андрей Минжулин аснои суҳбат бо "Р-Спорт".
Моҳи март маълум гардид, ки чор озмоиши допингӣ дар бадани варзишгарони намуди варзиши сабуки Русия натиҷаи мусбат нишон доданд. Дар байни варзишгарон Минжулин, Надежда Котлярова, Гулшат Фазлетдинова ва Олга Вовк буданд.
Рӯзи чаҳоршанбе WADA натиҷаҳои тадқиқоти фосилавиро нашр кард, ки мувофиқи он истифодаи милдоний ба миқдори то 1 микрограмм то 1 марти 2016 иҷозат дода шудааст.
"Дар рафти санҷиш миқдори милдоний дар бадани ман 50 нг/мл, аз Гулшат Фазлетдинова 50 нг/мл, аз Котлярова 25 нг/мл ва аз Вовк 20 нг/мл дарёфт гардид. Озмоиш 23-25 феврал гузаронида шуд ва ҳамаи қоидаҳо барои авфи варзишгарон риоя шудаанд",-гуфт Минжулин.
Дар баробари ин WADA қайд намуд, ки тадқиқоти милдоний идома дошта, хулосаҳо дар бораи миқдори мелдоний дар асоси омӯзиши тадқиқоти фосилавӣ муайян шудааст.