ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Варзишгари гурҷӣ, гуштигири тарзи озод дар мавриди истифода аз маводи манъшудаи мелдонӣ иқрор шуд, иттилоъ медиҳад The Washington Post.
Қайд мешавад, ки моҳи гузашта натиҷаҳои санҷиш истифодаи ин маводро аз ҷониби варзишгар ошкор карданд. Дар робита ба ин, Модзманашвили дигар ҳуқуқи иштирок дар мусобиқаҳоро аз даст медиҳад.
Ғайр аз бадани ӯ, боз дар таркиби хуни панҷ тан варзишгари дигари Гурҷистон маводи манъшудаи мелдонӣ ошкор карда шудааст, вале исми онҳо то ҳол аниқ нест, чунки ин варзишгарон истифодаи онро рад мекунанд.
Номи ҳеч кадоме аз ин варзишгарон дар рӯйхати иштирокунандагони бозиҳои Олимпӣ дар Бразилия нест, вале иштироки онҳо аз эҳтимол дур нест.
Соли 2012 дар Бозиҳои Олимпии тобистонаи Лондон Модзманашвили барандаи медали нуқра дар вазни 120 кг гардида буд. Дар сабқати ҷаҳонӣ бошад, соли 2011 соҳиби медали биринҷӣ шуд.
Дар бораи маводи мелдонӣ ва ҳангомаи атрофи он аз изҳороти теннисбози машҳури рус Мария Шарапова дар мусобиқаи бози Австралия ошкор шуд.
Мелдонӣ ба рӯйхати маводҳои манъшуда аз ҷониби Оҷонсии Умумиҷаҳонии антидопингӣ 1 январи соли 2016 ворид шуд. Ин мавод ҳам дар мусобиқа ва ҳам берун аз он манъшуда ба шумор рафта ба гурӯҳи маводҳои гармонҳои таҳрикдиҳанда шомил мебошад.