ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар қарори раиси шаҳри Душанбе, ки дар сомонаи расмии он ба нашр расидааст, гуфта мешавад, ки тасмими мазкур ба хотири дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарони беҳтарини шаҳри Душанбе ва баҳри инкишофи муттасили тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш қабул мешавад.
Ба Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе дастур дода шудааст, ки аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе барои пардохти стипендияи мазкур 168 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намояд. Стипендия ба варзишгарони бештар ба комёбиҳо ноилгардида дар мусобиқоти байналмилалии соли гузашта дода мешавад.
Ба феҳрасти гирандагони стипендияи ҳукумати пойтахт 28 нафар варзишгарон, ки 16 нафарашон навъҳои олимпиро (стипендияи дараҷаи аввал- шарҳ аз идора) намояндагӣ мекунанд, ворид шудаанд. Миёни гирандагони стипендияи дараҷаи аввал — муштзанон Шоира Зулқайнарова, Аҳмадҷон Саидов, Мавзуна Чориева, гурзандоз- Дилшод Назаров, гуштигир Муҳаммадмурод Искандаров мебошанд.
Ба стипендияи дараҷаи дуюм 12 нафар варзишгарон соҳиб мешаванд, ки аз навъҳои ғайриолимпӣ намояндагӣ мекунанд. Аз ҷумла, гуштигирони навъи самбо Зафар Алиев, Акмалиддин Каримов, Набимуҳаммад Хоркашев, Мустафо Ҳасанов, таэквондочиён Сабина Тураева, Баҳромҷон Гадоев, Масрур Сатторов ва чанд тани дигар бо ин кӯмакпулӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.