Рийвас дар бораи Sputnik: аз озодии сухан сӯистифода накунед

© SputnikПортали Sputnik Эстония
Портали Sputnik Эстония - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Эстония мехоҳад “таблиғоти душманона” ва фаъолияти пойгоҳи хабариро зери назорат гирифта, дар мавриди зарурӣ чораҳо андешад.

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Нахуствазири Эстония Таави Рийвас қайд менамояд, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар асоси тамоми принсипҳои озодии сухан Sputnik-ро на васоити ахбори омма ва на намояндаи озодии сухан мешуморанд, иттилоъ медиҳад Sputnik Эстония.

Сарвазири ин кишвар мегӯяд, ба ин нигоҳ накарда, ҳукумат оҷонсии хабариро зери назорат қарор додааст. Ба қавли ӯ, беҳтарин "даво" зидди таблиғот ин ВАО-и озод мебошад.

Sputnik пойгоҳи хабарии “Sputnik Латвия”-ро фаъол кард

"Барои ҳамин ҳам дар ҳолати вайронкунии қонунҳои ин кишвар ва сӯиистифода аз озодии сухан, вокунишро аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор интизор шудан мумкин аст",-гуфт ӯ.

Ривайс илова намуд, ки вокуниши Эстония ба "таблиғоти русӣ" дар асоси дурнамои НАТО ва Иттиҳоди Аврупо ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла ҳукумати эстонӣ риояи қонуни чор принсипи маълумоти номатлубро татбиқ менамояд.

Чор "наҳанг"-и демократияи Эстония

Якум- девони вазирон бояд ҳама гуна "таблиғоти душманона"-ро ҷилавгирӣ карда, дар мавриди зарурӣ чораҳои ҷиддӣ андешанд ва ҳамчунин ба рушди тафаккури интиқодии насли ҷавон мусоидат намоянд.

Дуюм- пешниҳоди манбаъҳои алтернативии маълумот дар муқобил бо "ташвиқот". Барои мисол, нахуствазир дар бораи ифтитоҳи шабакаи русии ETV+ нақл кард. Дар бораи рейтинги шабака сарвазир чизе нагуфта арз кард, ки ин маълумот дар истифодаи озод аст.

Сеюм-раиси ҳукумат қайд кард, ки бояд аз мавқеъи худ фаъолона ва бе парда сухан гӯем, агар зарур шавад, такрор кунем.

Ва принсипи аз ҳама охир, яъне чаҳорум: Эстония бояд дар баробари тағйирёбии медиатехнология қрнунгузориҳои худро тағйир диҳад.

Санҷиш барои демократия ва таҳаммулпазирӣ

Нахуствазир онҳоеро, ки ӯро ба ин ҷо даъват кардаанд, "фаромӯш" накард. Аз ҷумла, раиси EKRE, Марту Хелмеро оқои Рийвайс ба пуштибонӣ аз муносибатҳои дӯстона бо Русия мутаҳам донист. Хелме дар навбати худ иброз намуд, ки роҳбари ҳукумат дар ҷаласаҳо боре ҳам ширкат накардааст, ба ин сабаб, аз мазмуну мундариҷаи онҳо хабар надорад.

ВКХ ФР: манъи расонаҳои русӣ дар Латвия беэътиноӣ ба озодии сухан аст

Нависандаи маъруф Родион Денисов қайд намуд, ки баҳсҳо атрофи пойгоҳи хабарии Sputnik дар парлумон, санҷиши махсуси демократияи сиёсатмадорони эстонӣ ва таҳаммулпазирии онҳо ба мавқеъи дигарон мебошад.

Нахуствазир Таави Ривайс аснои ироаи посухҳо ба вакилон аз додани ҷавобҳои мушаххас канораҷӯӣ карда, дар асл мавқеъи "кво"-ро нигоҳ дошт. Ҳамин тавр метавон гуфт, ки раиси ҳукумат аз "санҷиши демократия" ба хубӣ гузашт.

Лентаи хабарҳо
0