Роҳбарони ВУХ "G7" хостори истеъфои Башор Асад

© REUTERS \ Jonathan ErnstРоҳбарони вазороти умури хориҷии "ҳафтгонаи бузург" дар Хиросима
Роҳбарони вазороти умури хориҷии ҳафтгонаи бузург дар Хиросима - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баъди ҷаласаи муштарак ва мулоқотҳо дар Хиросима вазирони умури хориҷаи ин кишварҳо ба хулосае расиданд, ки Сурия ба ҳукумати ҷадид “эҳтиёҷ” дорад. Русия бошад, борҳо изҳор дошт, ки мӯътадилсозии авзоъ дар он кишвар бидуни президент Башор Асад ғайриимкон аст.

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Вазирони умури хориҷии кишварҳои "ҳафтгонаи бузург" мавқеъи худро дар бораи истеъфои Башор Асад бо мақсади ором намудани вазъият дар Сурия иброз доштанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба изҳороти нашршудаи сарони ин ниҳод.

Барак Обама. Акс аз бойгонӣ. - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: фармони хурӯҷи неруҳои Русия аз Сурия барои ИМА “ногаҳонӣ” буд

"Сурия ба ҳукумати наве, ки намояндагони ҳамаи қишрҳо ва манотиқи кишварро дар бар гирифта бошад ва зарфияти дифоъ аз марзу буми ватанро дошта бошад, ниёз дорад",- қайд мешавад дар иттилоъия.

Онҳо аз кулли ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват карданд, ки ба қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид таҳти рақами 2254 ва 2268 арҷгузор бошанд ва барои расонидани кӯмак ба Димишқ саҳм бигиранд. Вазирон ҳамчунин иброз доштанд, ки "барои содда гардонидани авзоъ дар Сурия нақшаҳои дарозмуддат доранд".

"Ҳафтгонаи бузург" (G7) ҳамчунин аз истифодаи силоҳи кимиёвӣ дар Сурия изҳори нигаронӣ кардааст.

"Мо аз онҳое, ки силоҳи кимиёвӣ истифода кардаанд, пуштибонӣ намекунем. Ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо хеле муҳим аст",- омадааст дар изҳороти муштараки вазирони умури хориҷии G7.

 

Лентаи хабарҳо
0