Изҳори таслияти Раҳмон ба нахуствазири Ҳиндустон

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Расонаҳо навиштаанд, ки мақомоти маҳаллӣ ба хотири таъмини амният ва бино ба шикоятҳои мардум барои баргузории оташбозӣ дар канори ибодатгоҳ иҷоза надода буданд.

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ барқияи таслият ирсол дошта, изҳори ҳамдардӣ кардааст.

НБО-и Норак. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷирони Ҳиндустон бозорҳои Тоҷикистонро меомӯзанд

Бино ба иттилои дафтари матбуоти райисҷумҳур дар номаии роҳбари давлати Тоҷикистон аз ҷумла омадааст,  хабари нохуши ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани садҳо шаҳрвандони Ҳиндустони дӯстро бар асари сӯхтори шадид дар яке аз ибодатгоҳҳои аёлати Керала дар Ҷанубу ғарби кишвар бо андӯҳи бузург дарёфтам.

"Дар робита ба ин фоҷеаи вазнин ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем",- қайд шудааст дар барқия.

Маврид ба ёдоварист, бар асари сӯхтор дар ибодатгоҳи ҳиндуҳо дар аёлати Керала, воқеъ дар ҷанубу ғарби Ҳиндустон, рӯзи 10 апрел беш аз сад нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 200 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Гуфта мешавад, оташсӯзӣ бар асари таркиш дар анбори маводи оташбозӣ рӯй дод. Қарор буд, ки ин мавод дар ҷашнвораи мазҳабии ҳиндуҳо истифода шавад. Ба асари сӯхтор ибодатгоҳ пурра ба коми оташ рафт.

Лентаи хабарҳо
0