Тоҷирони Ҳиндустон бозорҳои Тоҷикистонро меомӯзанд

© Sputnik / Шерстенников / Гузариш ба медиабонкНБО-и Норак. Акс аз бойгонӣ
НБО-и Норак. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амоли давлатии Тоҷикистон низ бо тоҷирони ҳинд вохӯрда, имконоти ҷалби сармояҳои Ҳиндустон ба иқтисоди Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Саидраҳмон Назризода бо ҳайати тоҷирони ҳиндӣ вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи бисёрсоҳавии Тоҷикистону Ҳиндустонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Намоишгоҳи молу колои Ҳиндустон дар Душанбе

"Дар мулоқот ҷонибҳо имконоти тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахшҳои саноату кишоварзӣ, инфрасохтор, гидроэнергетика, дорусозӣ, тиҷорат, маориф ва сайёҳиро матраҳ карда, ба масоили рушди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон дахл намуданд",- иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии вазорат.

Рӯзи гузашта дар пойтахти кишвар ҳайати Ҳиндустон бо раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амоли давлатии ҶТ Қодири Қосим вохӯрда, имконоти ҷалби сармояҳои Ҳиндустон ба иқтисоди Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Маврид ба ёдоварист,  ҳайати тоҷирони Ҳиндустон чанд рӯз қабл ба Душанбе омада, дар Ҳамоиши тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон ширкат карданд.

Лентаи хабарҳо
0