https://sputnik.tj/20160412/1019211095.html
АНМН: мусодираи 14 кило нашъа дар Дарвоз
АНМН: мусодираи 14 кило нашъа дар Дарвоз
Sputnik Тоҷикистон
Ҳоло чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалҳои тафтишотӣ оид ба муайян намудани ҳолати кор ва муқаррар намудани шахсиятҳое, ки дар ҷинояти мазкур ҳамдастӣ доранд... 12.04.2016, Sputnik Тоҷикистон
2016-04-12T11:00+0500
2016-04-12T11:00+0500
2016-04-12T14:50+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101510/87/1015108784_0:0:1546:910_1920x0_80_0_0_fc98c756f47b9a182cadf9b56eb89676.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2016
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, дар тоҷикистон, иҷтимоъ, таҳқиқ, ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, дар тоҷикистон, иҷтимоъ, таҳқиқ, ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа
АНМН: мусодираи 14 кило нашъа дар Дарвоз
11:00 12.04.2016 (Навсозишуда: 14:50 12.04.2016) Ҳоло чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалҳои тафтишотӣ оид ба муайян намудани ҳолати кор ва муқаррар намудани шахсиятҳое, ки дар ҷинояти мазкур ҳамдастӣ доранд, гузаронида мешаванд.
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Кормандони шӯъбаи байниноҳиявии Агентии назорати маводи нашъадор аснои як амалиёти муштарак бо низомиёни Отряди сарҳадии Дарвози Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ қариб 14 килограмм маводи нашъаовар мусодира намуданд, омадааст дар иттилоъияи ин ниҳод.
"Ҳангоми баргузории як амалиёти вижаи ҷустуҷӯӣ дар шоҳроҳи Қалъаи Хумб-Хоруғ дар мавзеи Ғармхоҳи деҳаи Хустави ноҳияи Дарвоз сокини 26-солаи ноҳияи Дарвоз ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир гардид. Аз дастгиршуда ду адад борхалта дарёфт гардид, ки дар дохили яке аз онҳо 13 дона бастаи полиэтиленӣ бо маводи хамирмонанд ва дар дохили борхалтаи дигар ду адад баста бо маводи хокамонанд мавҷуд буд",- меафзояд сарчашма.
Зимнан, ташхсии шӯъбаи ташхиси судии Раёсати Агентӣ дар ВМКБ муайян кард, ки аз маводи мусодирагардида 12 кг 348 грамм афюн ва 1 кг 522 грамм ҳероин мебошад.
Дар нисбати боздоштшуда аз рӯи моддаи 200 қ. 4 Кодекси ҷиноятии ҶТ (муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ё моддаи психотропӣ бо мақсади фурӯш дар ҳаҷми махсусан калон) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, оид ба муайян намудани ҳолати кор ва муқаррар намудани шахсиятҳое, ки дар ҷинояти мазкур ҳамдастӣ доранд, гузаронида мешаванд.