Боздошти қочоқчии афғон бо 1 кило нашъа дар Шуғнон

© Sputnik / Андрей Архипов / Гузариш ба медиабонкБоздошти қочоқчиии маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ
Боздошти қочоқчиии маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марзбонони тоҷик аснои як амалиёти муштарак бо сохторҳои қудратии минтақа аз кӯшиши интиқоли ҳашиш ҷилавгирӣ карданд.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии "Хоруғ" дар наздикии деҳаи Ёмчи ноҳияи Шуғнон ҳангоми кӯшиши убури сарҳади давлатӣ боз як сокини деҳаи Шидвучи вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистонро дастгир намуданд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии АНМН.

Халтаҳои мусодирашудаи маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Халтаҳои сеҳрнок: мусодираи беш аз 70 кг нашъа дар Душанбе

"Аснои кофтукови шахсӣ аз номбурда як адад селофани полиэтилении дорои 1,1 кило маводи нашъаовари ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид",- менависад сарчашма.

Ба иттилоъи манбаъ, ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса аз соҳили дарёи Панҷ як адад камераи автомашинаи боркаши калон бо чор адад зарфҳои пластмасии рангашон зарди 20-литрӣ  ва як адад белчаи чӯбинниз дарёфт гардидааст.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки аз тарафи кормандони Шуъбаи Агентӣ дар ноҳияи Мурғоб дар ҷамоати Рангкӯл як адад силоҳи оташфишон мусодира гардидааст.

Аз рӯи ҳар ду далел парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Лентаи хабарҳо
0