Нахуствазири Қирғизистон ба истеъфо рафт

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкНахуствазири Қирғизистон Темур Сариев. Акс аз бойгонӣ
Нахуствазири Қирғизистон Темур Сариев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чанде қабл дар Қирғизистон баргузории тендери таҷдид ва тармими роҳҳо моҷароро ба вуҷудо овард. Вазири нақлиёт ва алоқа муовинаш ва атрофиёни сарвазирро дар тақаллубкорӣ муттаҳам донист. Комиссияи муваққатии парлумонӣ қарор дод, ба Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) пешниҳод кунад, то нобоварии худро ба девони вазирон изҳор намояд.

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Нахуствазир Темир Сариев ба истеъфо рафт, иттилоъ медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Сариев 2 майи соли гузашта ба симмати сарвазирӣ интихоб шуда буд, қабл аз ӯ Ҷоомарт Отарбоев рӯзи 23 апрел истеъфо дода буд.

"Ман аз вазифа даст мекашам. Президент хабар дорад. Чунин қарор корро босубот мегардонад. Ин курсӣ набояд сабаби зиддиятҳо гардад", —гуфт Сариев.

Комиссияи парлумонӣ рӯзи шанбе қарор кард ба Жогорк Кенеш пешниҳод намояд, то нисбати ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба "ҳуқуқвайронкуниҳо" дар озмуни азнавсозии шоҳроҳи Баликчи — Корумду  муносибаташро муайян намояд. Рӯзи якшанбе сарвазир тасмими худро дар саҳифаи  Facebook-аш ба нашр расонд.

Гузаргоҳ дар роҳи оҳан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати “Усзюй” Тоҷикистону Қирғизистонро бо Узбакистон мепайвандад

Қаблан комиссияи идоравӣ ба кабинаи вазирон пешниҳод намуд, то масъулияти роҳбарияти Вазорати нақлиётро вобаста ба назорати таҷдиди шоҳроҳи Баликчи — Корумду дида барояд. Тибқи хулосаи ҳукумат дар мавриди ташкилот ва хариди давлатӣ камбудиҳо ҷой доштанд.

Рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи комиссияи вакилон оид ба озмуни таъмири роҳ, вазири Вазорати нақлиёт Артинбек Малабоев изҳор дошт, ки айбдорони моҷаро муовинаш Улан Уезбоев  ва баъзе аз атрофиёни Сариев, ки пуштибони яке аз ширкатҳои чинӣ (ширкати ғолиби озмун) буданд, мебошанд.

Баъди ин ҳодиса баъзе аз аъзоёни комиссия талаби ба истеъфо рафтани сарвазирро пеш гузоштанд.

Дар натиҷаи кори комиссияи ҳукуматӣ нахуствазир рӯзи чоршанбе ба президенти Қирғизистон пешниҳод кард, ки вазири нақлиёт Малабоев аз вазифа озод карда шавад.

Баъдтар дастгоҳи иҷроияи президент пешниҳодро барои аниқ намудани сабабҳо ва қонунӣ будани санад ба ҳукумат баргардонд.

Ғайр аз ин аз дастгоҳи раисҷумҳур хабар доданд, ки Алмосбек Отамбоев ба Хадамоти Зиддифасод ва Кумитаи амнияти миллӣ дастур дод, то хулосаҳои байниҳукуматӣ оид ба азнавсозии шоҳроҳи Баликчи — Корумду санҷида  шаванд.

Муовини вазири нақлиёт Уезбоев изҳор дошт, ки айбдоркуниҳои Аргинбек Малабоев нисбат ба дахолати нахуствазир ба интихоби ширкатҳо ба воқеъият мувофиқ нест.

Роҳбари эътилофи парлумонӣ Чинибой Турсунбеков мегӯяд, ки дар кишварҳои мутамаддин "дар чунин ҳолатҳо" раиси ҳукумат ба истеъфо меравад.

Лентаи хабарҳо
0