Ширкати “Усзюй” Тоҷикистону Қирғизистонро бо Узбакистон мепайвандад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкГузаргоҳ дар роҳи оҳан. Акс аз бойгонӣ
Гузаргоҳ дар роҳи оҳан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати чинии роҳсозии “Усзюй” (Уъцзюй) дар тендери интихобӣ барои азнавсозии марҳилаи дуюми хатсайрҳои нақлиётии минтақаи Осиёи Марказӣ ғолиб омад.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Ширкати роҳи оҳансозии "Усзюй" ба азнавсозии бахшҳои роҳи вилояти Суғд машғул мешавад иттилоъ медиҳад, вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Дар баробари ширкати "Усзюй" ҳафт ширкати дигари Чинӣ дар озмун ширкат доштанд.

Қайд мегардад, ки ширкати дигари Кореяи Ҷанубӣ "Дохва Инжиниринг Ко., Лтд" ("дочка" "Иникос Девелопмент Консалтинг") вазифаи хизматрасониҳои машваратиро  барои назорати сохтмон бар дӯш гирифт.

Қаблан маълумот дода шуда буд, ки Бонки ҷаҳонӣ барои азнавбарқароркунӣ ва сохтмони шоҳроҳҳои кишварҳо дар Осиёи Марказӣ 45 миллион доллар ҷудо намуд.

Лентаи хабарҳо
0