ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Кормандони милиса марди 23-солаи сокини шаҳри Душанберо ба гумони тайёр кардан ва ба муомилот баровардани пул, ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ дастгир карданд, иттилоъ медиҳад сомонаи ВКД ҶТ.
Бино ба иттилоъи маркази матбуоти ин вазорат, муайян карда шудааст, ки номбурда, дар манзили муваққатии зисташ ба тайёр намудан ва ба муомилоти ғайриқонунӣ баровардани асъори миллӣ, купюраҳои қалбакии арзишашон 50-сомонӣ машғул будааст.
"Дар вақти азназаргузаронии манзили муваққатии номбурда далелҳои шайъӣ — 103 адад купюраҳои қалбакии арзишашон 50-сомонӣ ва як адад таҷҳизоти компютерӣ дарёфт ва мусодира карда шуд",- меафзояд манбаъ.
Нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.