ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Як сокини ноҳияи Шаҳристон аз ҷониби кормандони пулис ба иттиҳоми қаллобӣ дар ҳақми беш аз 100 ҳазор сомонӣ боздошт шудааст, иттилоъ медиҳад сомонаи ВКД.
"Сокини 34-солаи ноҳияи Шаҳристон бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини ноҳияи Ёвон даромада, аз ӯ ба маблағи 106000 сомонӣ нуриҳои минералии (азот)-ро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст", — афзудааст манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса моҳи апрели соли равон рӯх додааст.
Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.