Афсари қазоқ дар Қарабас сарбозро аз марг наҷот дод

© Wikimedia/пехотинецНоринҷаки РГД-5. Акс аз бойгонӣ
Норинҷаки РГД-5. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷараёни тамрини таълимӣ-ҳарбӣ сарбоз норинҷакро бо қувваи заифтар ҳаво дод, дар натиҷа маводи тарканда ба панҷараи хандақ бархӯрда ба поён афтод.

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Сардори ситоди қисми низомӣ дар вилояти Қарағанда сарбозро бо тани худ пӯшонида, ӯро аз инфиҷори норинҷак ва хатари ҳалок шудан наҷот дод, иттилоъ медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Корманди ОМОН. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Садои тиру таркиши норинҷак: ОМОН омодагӣ мебинад

"Дар маркази омӯзишии шаҳраки Қарабаси вилояти Қарағанда дар рафти гузаронидани машқҳои норинҷакпартоӣ сардори ситоди қисми ҳарбии 6505 Кайрат Умбетов, ҷони худро дар хатар гузошта, ҳаёти сарбози ҷавонро аз марг наҷот дод",- иброз дошт роҳбари хадамоти матбуотии округи минтақавии "Орталиқ" Канат Дос.

Ба қавли ӯ, ҳар ду- афсару сарбоз, ки аз таркиш ҷароҳат бардошта буданд, ба беморхонаи шаҳри Абай интиқол ёфтанд. Сарбоз аз пойҳо ва Умбетов аз китфу пойҳояш захмдор шудаанд. Дар ҳоли ҳозир вазъи саломатии онҳо мӯътадил аст.

Воқеъа дар натиҷаи бо қувваи нокифоя ҳаво додани норинҷаки дастии тамғаи РГД-5 аз ҷониби сарбоз рух дод. Норинҷак ба панҷараи хандақ бархӯрда, ба поён афтод.

Барои нишон додани далериву садоқат ҳангоми адои вазифаи ҳарбӣ аз ҷониби Гвардияи миллии Қазоқистон дар бораи ба полковник Умбетов Кайрат Жарилкасинович додани ҷоизаи давлатӣ қарор қабул шуд.

 

Лентаи хабарҳо
0