ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба солгарди навбатии рӯзи таъсисёбияш омодагии махсус мебинад.
Садои таркиши норинҷак ва гулӯлаҳои силоҳ субҳи имрӯз сокинони пойтахтро, ки дар атрофи қароргоҳи марказии "ОМОН" дар назди Сирк зиндагӣ мекунанд, ба таҳлука андохтааст, менависанд расонаҳои дохилии кишвар.
Бархе аз сокинон бо шунидани садои тиру нориҷанҷак дар саддаи тарки макони будубоши худ афтида, бархеи дигар бо тарсу ҳарос паёмади ин садоҳои пайвастаи гуногунро интизор шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, масъулини ВКД дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтаанд, ки Дастаи таъйиноти махсуси ин ниҳод ба Рӯзи таъсисёсбии худ, ки ҳамасола 5 декабр таҷлил мешавад, омодагии махсус мебинад.
Тибқи иттилои ВКД, аъзои ОМОН дар ин тамрини худ аз силоҳҳои ғайриҷангию садодор истифода мекунанд.