ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Мунтахаби футболи Тоҷикистон аз тими миллии Австралия бо ҳисоби 3:0 шикаст хӯрд, хабар медиҳад сомонаи ФФТ.
Дидори яккачинҳои футболи Тоҷикистону Австралия дар чорчуби даври чоруми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 шоми 8 сентябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе анҷом шуд.
Қисмати аввали бозӣ мусовӣ поён ёфт, аммо футболбозони Австралия дар қисмати дуюм се тӯб вориди дарвозаи Тоҷикистон карданд.
Голи аввалро дар ин бозӣ Марк Миллиган ва ду тӯби дигарро бозигари қавитарини тими Австралия Тим Кеҳил заданд.
Дар бозии дигари гурӯҳи В Бангладеш аз Урдун бо ҳисоби низ бузурги 0:4 шикаст хӯрд. Баъди се даври мусобиқот дар гурӯҳи В Австралия бо 9 имтиёз дар ҷои аввал ва Урдун бо 7 имтиёз дар мақоми дувум қарор доранд. Қирғизистон бо 4 имтиёз дар мақоми сеюм буда, тимҳои Тоҷикистону Бангладеш, ки ҳамагӣ якимтиёзӣ доранд, дар ду зинаи аз ҳамаи поёни ҷадвал ҷой гирифтаанд.