Канада барои донишҷӯёни ДОМ бурсияи таълимӣ ҷудо мекунад

© SputnikДонишҷӯёни тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Донишҷӯёни тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
12 донишҷӯи фаъоли Донишгоҳи Осиёи Марказӣ имкон доранд таҳсилашонро дар марҳилаи бакалавр дар Канада идома диҳанд.

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Калонтарин муассисаи олии Канада- Коллеҷи Сенека барои донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) барномаи дарёфти таълими ройгон дар он кишварро эълон кард.

Барномаи омӯзишӣ ҳамин сол шурӯъ шуда, се намуди грантҳои ҳадафнок, ки то 90%-и пардохти маблағи таҳсилро кафолат медиҳанд, дар бар мегирад. Бурсияҳо барои  таҳсили 12 донишҷӯи довталаб дар марҳилаи бакалавр ҷудо мешаванд.

Хуҷанд: 8 донишгоҳи Русия намоиши таълимӣ баргузор карданд

"Мо боварӣ дорем, ки усулу аҳдофи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва таҳсили донишҷӯён тибқи барномаҳои байналмилалиии таҳсил ҷараён дошта, бо мақсаду ҳадафҳои мо мувофиқ меоянд", —изҳор дошт декани равобити байналмилалии Коллеҷи Сенекаи Канада Ҷос Ноул.

Ӯ ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ҷавононе, ки дастгирии молиявӣ насибашон мегардад, баъди хатми донишгоҳ таҷрибаву малакаи аз худ намударо барои рушду инкишофи Осиёи Марказӣ истифода намоянд.

Барои шомил шудан ба донишгоҳи мазкур ба чор донишҷӯ бурсияҳо барои соли аввали таҳсил дода мешаванд. Дар охири ҳар сол танҳо мувофиқи натиҷаҳои имтиҳонот ва иштироки ҷавонон дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ боз барои соли оянда грантҳо ҷудо мегардад.

Ғайр аз ин чор гранти дигар барои хатмкунандагони донишгоҳ (ДОМ) пешбинӣ шудааст. Ин барномаи яксола буда, хатмкунандагон баъди ба итмом расонидани таҳсил соҳиби сертификати Коллеҷи Сенека хоҳанд шуд. 

Лентаи хабарҳо
0