Хуҷанд: 8 донишгоҳи Русия намоиши таълимӣ баргузор карданд

© Официальная страница посольства РФ в РТХатмкунандагони макотиби олии Русия дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Хатмкунандагони макотиби олии Русия дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулини ин макотиби олии ФР аз афзалиятҳои муассисаи худ, ба монанди хобгоҳ, пойгоҳи моддиву техникӣ ва шароити таълиму тадрис сухан намуда, зикр карданд, ки сол то сол шумораи донишҷӯёни тоҷик дар ин муассисаҳо зиёд мегардад.

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар чорчӯби панҷумин ярмарка-намоиши байналмилалии "Таҳсилоти русиягӣ. Душанбе 2016" дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти масъулини 8 мактаби олии Русия бо хатмкунандагони шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, иттилоъ медиҳад сомонаи ҳукумати ин шаҳр.

Глебова: Русия 15 ҳазор хориҷиро барои таҳсили ройгон даъват мекунад

Ба қавли роҳбари маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилояти Суғд Баҳоваддин Хоҷаев, равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари ба мо дӯсти Федератсияи Русия сол то сол густариш ёфта, саҳми ин давлат дар омодасозии кадрҳои соҳибтахассус торафт зиёд мешавад.

"Ҳамасола баргузории ярмарка- намоиши байналмилалии "Таҳсилоти русиягӣ" шаҳодати ин гуфтаҳост",- илова кард ӯ.

Намояндагони донишгоҳҳои Русия тариқи наворҳои видеоӣ, буклет ва роҳнамо- дастурҳо муассисаҳои таълимии худро муаррифӣ намуданд.

Аснои  чорабинии таълимӣ онҳо аз афзалиятҳои муассисаи худ, ба монанди хобгоҳ, пойгоҳи моддиву техникӣ ва шароити таълиму тадрис сухан намуда, зикр карданд, ки сол то сол шумораи донишҷӯёни тоҷик дар ин муассисаҳо зиёд мегардад.

Манбаъ мегӯяд, имрӯз олимпиада барои дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии тиббии Олтой, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Уралск ва Донишгоҳи федералии Шарқи Дур доир хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0