ВАО: ҳамлаи хакерҳои турк ба сомонаҳои ҳукумати Арманистон

CC BY 2.0 / Ian Sane / Power Of OneИстифодабарандаи роёна. Акс аз бойгонӣ
Истифодабарандаи роёна. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хакерҳо ба сомонаҳои вазоратҳои мудофиа, энергетика ва кишоварзии Арманистон ҳуҷум карданд, иттилоъ медиҳад ВАО. Роёнашиканҳо ҳамчунин изҳор доштанд, ки ба сомонаҳои мақомотҳои дигари ҳукуматӣ низ ҳамла хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Хакерҳои турк баъди тезу мутташаниҷ шудани авзоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба сомонаҳои ҳукуматии Арманистон ҳамла оварда, фаъолияти бархе аз онҳоро қатъ карданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба матлаби рӯзномаи Sabah.

Ноутбук. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Арманиҳо дар бораи 25.000 низомии Озарбойҷон маълумот нашр карданд

Арманистон ва Озарбойҷон 2 апрел дар бораи тезу тунд шудани вазъият дар минтақаи низоъангези Қарабоғ эълом карданд: Вазорати мудофиаи Озарбойҷон аз ҷумла дар бораи тирпаррониҳо аз ҷониби Қувваҳои мусаллаҳи Арманистон ва Вазорати мудофиаи Арманистон бошад, дар бораи "амалиёти ҳамла" аз тарафи озариҳо иттилоъ дод.

Мувофиқи гузориши СММ оиди ҳамоҳангсозии корҳои башардӯстона дар натиҷаи тезу тунд шудани вазъият дар Қарабоғ 33 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 200 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Бар пояи маълумоти рӯзнома ҳуҷумҳои хакерӣ махсусан ба сомонаҳои вазороти мудофиа, энергетика ва  кишоварзии Арманистон анҷом дода шуданд. Дар саҳафоти Facebook-и худ онҳо изҳор доштанд, ки шумораи ҳамлаҳо ба сомонаҳои мақомотҳои дигари ҳукуматӣ зиёд хоҳанд шуд.

Қаблан ҳамин гурӯҳи хакерҳо таҳти унвони "Aslan Neferler Tim" масъулияти шикастани сомонаҳои ҳукумати Белгия, саҳифаи сиёсатшиноси ҳолландӣ Герт Вилдерс, торнамои Бонки марказии Арманистонро ба ӯҳда гирифта буданд.

Лентаи хабарҳо
0