ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Хакерҳои арманӣ маълумот дар бораи 25 ҳазор сарбозони озариро дар шабакаи интернетӣ ба истифодаи озод гузоштанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба саҳифаи Facebook-и Самвел Мартиросян.
Ҳамлаи иттилоотӣ аз ҷониби гурӯҳи хакерии Monte Melkonian Cyber Army анҷом дода шуд.
Қаблан хакерҳо дар бораи шикастани сомонаи ҳукумати Озарбойҷон эълон карда буданд, вале тибқи маълумоти РИА Новости дар лаҳзаи нашри маълумот сомонаи gov.az ҳамоно фаъолият мекард ва ягон нишонаи ҳузури афроди ғайр дар торнамо дида намешуд.
Арманистон ва Озарбойҷон 2 апрел дар бораи тезу тунд шудани вазъият дар минтақаи низоъангези Қарабоғ эълом карданд: Вазорати мудофиаи Озарбойҷон аз ҷумла дар бораи тирпаррониҳо аз ҷониби Қувваҳои мусаллаҳи Арманистон ва Вазорати мудофиаи Арманистон бошад, дар бораи "амалиёти ҳамла" аз тарафи озарҳо иттилоъ дод.
Мувофиқи гузориши СММ оиди ҳамоҳангсозии корҳои башардӯстона дар натиҷаи тезу тунд шудани вазъият дар Қарабоғ 33 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 200 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.