ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар Афғонистон рушд мекунад ва мехоҳад ин минтақаро чун "роҳ барои афзоиши бештар" истифода барад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба суханони намояндаи махсуси президенти Русия дар умури Афғонистон Замир Кобулов.
Авзоъи Афғонистон тайи моҳҳои охир ба таври куллӣ ноором шудаст. Ҳаракати радикалии "Толибон", ки қаблан қисми зиёди минтақаҳои аҳолинишинро ғасб карда буданд, акнун ба шаҳрҳои бузург ҳуҷум мекунанд. Инчунин, дар ҳудуди ин кишвар таъсири гурӯҳи ҷиноии "Давлати исломӣ" зиёд шудааст.
"Вай (ДИИШ- шарҳ аз идора) муташаккил рушд мекунад. Фақат рафтори оромона нишон медиҳад ва нерӯҳоро барои амалиётҳои ҳалкунанда ҷамъ мекунад. Айни ҳол ҷангиёни онҳо нисбати шумораи террористони "Толибон", ки миёни ҳам барои таъсири зиёд доштан дар рақобатанд, камтар ҳаст. Вале онҳо қувваҳои худро барои мубориза бо нерӯҳои Афғонистон ва амрикоиҳо сарф намекунанд. Онҳо вазифаи дигар доранд. Афғонистон барояшон чун минтақа ва роҳи нави рушди ғаразҳои ваҳшиёнаашон лозим аст",- гуфт Кобулов дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Известия", дар нашри рӯзи чоршанбе.
Оқои Кобулов ҳамчунин қайд намуд, ки тадбирҳои воқеъӣ барои музокирот бо толибон андешида нашуданд. Дар баробари ин ба фикри Кобулов "Толибон" барои музокирот тайёр нестанд, аммо барои мубориза омодаанд.