ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Бо амри раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъвати баҳорӣ ба суфуфи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар соли 2016 оғоз мегардад, менависад дафтари матбуотии президент.
Ба иттилоъи манбаъ, имрӯз фармони сарвари давлат, ҳамзамон Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ" содир шуд.
Ҳамин тавр, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2016 аз сафи ҚМ ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.
Зимнан, моҳҳои апрел-майи соли 2016 шаҳрвандони ҷинси марде, ки ба синни 18-солагӣ расидаанд ва шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи артиш даъват карда мешаванд.
Дар робита ба иҷрои банҳои фармони раисҷумҳур, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияи даъвати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо муваззаф шудаанд, ки даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби наваскарон ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо дарназардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд.