Душанбе дарҳои худро ба рӯи Исломобод боз менамояд

© Sputnik / Амир ИсаевНамоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар Маркази исмоилияи Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар Маркази исмоилияи Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон сол аз сол рушд карда, бахшҳои нави додугирифти молу коло равнақ меёбанд.

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Рӯзи 8 апрели соли равон дар Кохи Борбади Душанбе намоишгоҳи тиҷоратии Ҷумҳурии Исломии Покистон ифтитоҳ мегардад.

Намоишгоҳи молу колои Ҳиндустон дар Душанбе

Ба иттилоъи Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ мақсад аз баргузории ин намоишгоҳ тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвар мебошад.

Интизор меравад, ки дар доираи баргузории намоишгоҳ дар меҳмонхонаи «Серена» ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои саноати сабук ва сохтмон баргузор гардида, дар он масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон матраҳ мегарданд.

Гуфта мешавад, 7 апрел дар Душанбе  баргузории Фестивали фарҳангии Покистон дар Душанбе дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0