Маҳсулоти ширкатҳои бузурги ҳиндӣ аз қабили Russia Expo, A.P. Handicrafts, Godline International, Rahul Silver House, Khurram International, Harsh Fashion, Adhaar Creation, Pink City Handicrafts, Khan Creation, Niyati Exports, Noor International ба маъраз гузошта мешавад.
Палатаи савдо ва тиҷорати Тоҷикистон ва ширкати "INDO RUSSIA EXPO" аз мубтакирони аслии намоишгоҳи маҳсуб мешаванд.

1/7
© Sputnik / Амир Исаев
Намоишгоҳи молҳои Ҳиндустон дар Душанбе рӯзи 20 феврал ифтитоҳ шуд.Ин мусиқачӣ бо нақора меҳмононро пешвоз мегирад.

2/7
© Sputnik / Амир Исаев
Надонистани забон наметавонад садди роҳи тиҷорат гардад. Бо имову ишора ва истифода аз чанд забон муштарӣ бо фурӯшанда "забон" меёбад.

3/7
© Sputnik / Амир Исаев
Аксари иштирокчиёни намоиш занон мебошанд. Онҳо бо ҳавсалаи тамом аз рафу толорҳои молҳои Ҳиндустон дидан мекунанд.

4/7
© Sputnik / Амир Исаев
Бехгӯшӣ барои мардон: ин ҷо барои дӯстдоштаҳоятон ҳама чизро пайдо мекунед, масалан чунин борхалтаҳои зеборо...

5/7
© Sputnik / Амир Исаев
Маҳсулоти нассоҷӣ харидори зиёд дорад...

6/7
© Sputnik / Амир Исаев
Либосҳои миллии Ҳиндустон ва пӯшоки муосир дар намоишгоҳ мавҷуд аст

7/7
© Sputnik / Амир Исаев
Дар намоишгоҳ ҳама гуна ашёҳоро ёфтан мумкин аст. Ин армуғонҳои дастисохт низ ба маъраз гузошта шудаанд