Дар шимоли Афғонистон шаш пулис аз сӯи “Толибон” кушта шуданд

© AP / str/Haider ShahНамояндагони гуруҳи ҷангии "Толибон". Акс аз бойгонӣ
Намояндагони гуруҳи ҷангии Толибон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳодиса рӯзи якшанбе дар минтақаи Мурдиён ба вуқӯъ пайваст. Ҷангиён ба кормандони пулис ҳамла оварда, яке аз онҳоро бо худ бурданд. Феълан, амалиёт барои озод намудани пулиси рабудашуда идома дорад.

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Ҷангиёни ҷунбиши "Толибон"  дар деҳкадаи Ҷузҷон, ки дар шимоли Афғонистон дар сарҳад бо Туркманистон ҷойгир аст, ба кормандони пулис ҳамла карда, шаш пулисро ба ҳалокат расонидаанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба оҷонсии Khaama Press.

ВАО: талошҳо барои азсаргирии музокирот миёни Кобул ва Толибон

Тибқи маълумоти хабаргузорӣ, ҳодиса рӯзи якшанбе дар минтақаи Мурдиён ба вуқӯъ пайваст. Як масъули мақомоти давлатии минтақа Забеуллоҳ Зоҳид (Zabiullah Zahid) иттилоъро дар бораи ҳамла тасдиқ намуд ва илова кард, ки як пулиси дигар маҷрӯҳ шудааст.

Ба гуфти Зоҳид, ҷангиён як корманди дигарро ба асорат гирифтанд. Феълан барои озод намудани ӯ амалиёт идома дорад.

Авзоъи Афғонистон тайи моҳҳои охир ба таври куллӣ ноором шудаст. Ҳаракати радикалии "Толибон", ки қаблан қисми зиёди минтақаҳои аҳолинишинро ғасб карда буданд, акнун ба шаҳрҳои бузург ҳуҷум мекунанд.

Инчунин, дар ҳудуди ин кишвар таъсири гурӯҳи ҷиноии "Давлати исломӣ" зиёд шудааст.

Лентаи хабарҳо
0