ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмад дар ҳошияи нишасти муҳитизистии СММ дар шаҳри Порис бо нахуствазири Покистон Навоз Шариф мулоқот мекунад, иттилоъ медиҳад шабакаи телевизионии TOLONEWS.
Ин расонаи марбути ҷумҳурии Афғонистон мулоқоти президентро бо нахуствазири Покистон талошҳо барои азсаргирии музокироти сулҳ миёни Кобули расмӣ ва гуруҳи террористии Толибон хондааст.
Ба иттилои манбаъ, ин вохурӣ дар ҳоле дар шаҳри Порис баргузор мешавад, ки мақомоти Амрико, Чин ва Покистон талошҳо барои азсаргирии гуфтугӯҳои сулҳи ҳукумати Афғонистон бо Толибонро оғоз кардаанд.
Аз сӯи дигар, раисҷумҳури Афғонистон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои қалби Осиё, ки қарор аст, моҳи оянда дар Исломобод баргузор шавад, аз ҷониби раҳбарияти Покистон даъват шудааст. Манбаъ таъкид кардааст, ки ин даъват ҳам барои анҷоми баҳсҳои бештар дар бораи нақши Покистон дар раванди гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон сурат гирифтааст.
Телевизиони "TOLONEWS" такя ба суханони манобеи хориҷии худ навиштааст, ки агар ин талошҳо дар давоми се моҳи оянда, ки фасли сармо асту суръати набардҳо поин рафтааст, натиҷа надиҳад, бо омадани фасли баҳор расидан ба сулҳ аз пештар дида дар Афғонистон сангинтар хоҳад шуд.
Ин нигаронӣ ва талошҳо дар ҳолест, ки пайравони гуруҳи террористии Толибон бо вуҷуди талошҳои мудовими ҳукумати Афғонистон барои нишастан сари мизи музокирот бо онҳо ҳамлаҳои худро охирҳои моҳи апрели соли равон густариш додаанд ва вазъи Афғонистон ҳам то рафт печидатар мешавад.
Ҳоло дар баробари ҳамлаҳои ҷангиёни гуруҳи террористӣ дар қамламрави Афғонистон хабарҳо дар мавриди ҳузур ва фаъолшавии пайравони созмони дигари террористии маъруф ба "ДИИШ" ҳам дар ин кишвар паҳн мешавад.
Тавре хабаргузории "KhaamaPress" иттилоъ медиҳад, рӯзи душанбе масъулини Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон бо нашри як иттилоия аз боздошти 13 ҷангҷӯй хабар доданд, ки миёни онҳо дар баробари ҷангиёни Толибон узви ДИИШ ҳам ҳаст.
Вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон воқеъ буда, тайи моҳҳои ахир дар мавриди фаъол шудани ҷангиёни ДИИШ дар баробари Толибон хабару овозаҳо паҳн мешавад.
Тибқи иттилои мақомоти амниятии Афғонистон, дар ин вилоят ҷангиёни Толибон ва ДИИШ ба таври ҷудогона фаъолият доранд.