ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. XVIII-умин Фестивали байналмилалии мамлакатҳои ИДМ ва Балтика таҳти унвони "Вохӯрӣ дар Русия" аз 4 то 8 апрел дар шаҳри Санкт-Петербург доир мегардад, иттилоъ медиҳанд масъулини ҷашнвора.
Фестивал, ки театрҳои русизабони кишварҳои ҳамсояро ҷамъ меорад, дар хона-театри "Балтийский дом" гузаронида мешавад.
"Моҳи апрел аз парвози аввалини инсон ба кайҳон 55 сол пур мешавад ва фестивали "Вохӯрӣ дар Русия" маҳз ба ин рӯз бахшида мешавад. Ин мавзӯъ натанҳо дар барномаи намоишҳои театрӣ вомехӯрад, балки дар чорабиниҳои дигар: кушодашавии фестивал ва шабҳои эҷодӣ низ дарҷ мегардад. Мукофоти ҷашнвора ба номи ҳунарманди мардумии ИҶШС (СССР) Кирил Юревич Лавров, ки ӯ яке аз дӯстон ва асосгузорони ин чоарбинӣ буд, гузошта шудааст", —гуфта мешавад дар иттилоъия.
Фестивал бо намоиши театри русии Эстония "Панҷ шом" (Пять вечеров) аз рӯи асари Александр Володин ифтитоҳ мегардад.
Театри драмавӣ-русии давлатии ба номи Чингиз Айтматов (Бишкек) намоиши "Қисса дар бораи манкурт" (Баллада о манкурте) аз рӯи асари Айтматов "Як рӯзи аз сад сол дарозтар…" (И дольше века длится день…) дар таҳияи Барзу Абдураззоқовро пешниҳод менамояд. Абдураззоқов ҳамчунин дар фестивал намоиши дигар бо унвони "Ҳамсинфон. Дарси ҳаёт" (Одноклассники. Уроки жизни), ки дар театри Байтен Умаров "Жас сахна"-и шаҳри Алмато (Казахстан) таҳия шудааст, нишон медиҳад.
Театри академӣ-драмавии русии Узбакистон намоиши "Эҷоди ман, бирав, ба назди мардум.." —ро (Иди, мое творение, в народ!..) аз рӯи асари адиби классик Алишер Навоӣ ба Петербург ҳадя меорад. Театри академӣ-драмави Тифлис ба номи Александр Грибоедов дар фестивал бо намоиши тарзи ҷадиди "Ҳисобчӣ"-и (Ревизор) Гогол ширкат хоҳад варзид. Театри русӣ-драмавии давлатии Озарбойҷон ба номи Вургуна дар фестивал намоиши "Бо ишқ шӯхӣ намекунанд"-ро (С любовью не шутят) аз рӯи асари Калдерон де ла Барк ва таҳияи Анна Потапова пешниҳод мекунад. Театри драмавии шаҳри Могилёв ба тамошобинон намоиши "Издивоҷ"-ро (Женитьба) дар таҳияи Саулуса Варнаса нишон хоҳад дод.
Ҳамчунин дар "Балтийский дом" бахшида ба "Рӯзи космонавт" аз рӯи пиесаи драмматурги ҷавони рус Евгений Унгард, таҳти коргардонии Леонид Алмов намоишнома нишон дода мешавад.
Дар доираи ҷашнвора ҳамчунин мизи мудаввар, семинарҳои омӯзишӣ ва намоиши аксҳои журналистони Петербург Владимир ва Вечеслав Желтовҳо дар мавзӯъи "Литва, Қадам ба вохӯрӣ" баргузор хоҳанд гардид.