ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Олмон, ҳамзамон раҳбари давраии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) аснои боздидаш аз Душанбе бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ мулоқот мекунад.
Ба иттилои дафтари САҲА дар Тоҷикистон, оқои Франк-Валтер Штайнмайер, вазири хориҷии Олмон, ки дар ҳоли ҳозир раиси кунунии САҲА низ ҳаст, бо як сафари серӯза дар Осиёи Марказӣ қарор дорад. Боздиди ӯ аз Ӯзбакистон шурӯъ шуда, аз Қирғизистон ва Тоҷикистон низ ба дунболи он дидан мекунад.
Вазири умури хориҷии Олмон 30-юми март бо президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов дар Тошканд ва дигар намояндагони расмии ин кишвар мулоқот кардааст. Имрӯз бо мақомоти Бишкек мулоқот хоҳад дошт.
Дафтари матбуоти САҲА гуфтааст, ки вазир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун раиси кунунии созмон сафар кардааст.
"Франк-Валтер Штайнмайер бо раҳбарони сиёсии ин кишварҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот мекунад", — омадааст дар хабари САҲА.
Ба қавли сиёсатмадори олмонӣ, Осиёи Марказӣ минтақаи муҳимми стратегӣ мебошад ва мулоқотҳо бо раҳбарони кишварҳо таваҷҷуҳи аслӣ ба фаъолият ва ҳамкориҳои САҲА дар риштаи мубориза бо терроризм, ҳамкориҳои минтақавӣ ва иқтисодӣ дода мешавад.
Ҷаноби Штайнмайер рӯзи якуми апрел вориди Тоҷикистон гардида, бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Аслов мулоқот хоҳад кард.