Музоядаи романи “Шайтонҳо”-и Достоевский. Нашри соли 1935

© Sputnik / Александр Лыскин / Гузариш ба медиабонкЯке аз толорҳои хона- музейи Ф. М. Достоевский
Яке аз толорҳои хона- музейи Ф. М. Достоевский - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нархи аввала барои нашри соли 1935, ки қариб пурра аз байн рафта буд, дувуним миллион рубли русӣ муқаррар шудааст.

ДУШАНБЕ,  30 мар — Sputnik. Яке аз "достонҳои библиявӣ", романи  "Шайтонҳо" (Бесы)-и Федор Достоевский нашриёти "Academia", ки соли 1935 қисми зиёди он нобуд карда шуда буд, 7 апрел бо маблағи 2,5 миллион рубли русӣ ба фурӯш гузошта мешавад, иттилоъ медиҳад хонаи музоядаи "Литфонд".

Рустами Ваҳҳоб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чопи китоби нави олим ва шоири маъруф Рустами Ваҳҳоб

Аз иттилоия бармеояд, ки инқилобчии Шӯравӣ ва корманди ҳизбӣ Лев Каменев, ки солҳои 1933-1934 роҳбарии нашриёти  "Academia"-ро бар дӯш дошт, тасмим гирифт, то романи "Шайтонҳо" (Бесы)-ро аз чоп барорад. Вале баъди кӯшиши аввалин соли 1935 бар зидди Каменев рӯзномаи "Ҳақиқат" (Правда) мақолаи "Пӯсидагии адабӣ"  (Литературная гниль)-ро бо нафрати зиёд нисбати нашриёти "Academia" ва худи "Шайтонҳо" (Бесы) навишт.

Ҷилди якуми ин китоб нобуд карда шуда, чанд нусхаи он боқӣ мондааст. Кор аз болои ҷилди дуввум умуман қатъ гардид.

"Дар хонаи музоядаи "Литфонд" муҳимтарин достони библиявии Русия ба намоиш гузошта мешавад. Сухан дар бораи ҷилди якум, ки соли 1935 дар марҳилаи тайёрӣ ба чоп аз ҷониби нашриёти машҳури онвақта "Academia", романи Федор Достоевский "Шайтонҳо" (Бесы) меравад.  Нархи аввалияи музояда 2,5 миллион рубли русиро ташкил медиҳад",- гуфта мешавад дар иттилоъия.

Лентаи хабарҳо
0