Чопи китоби нави олим ва шоири маъруф Рустами Ваҳҳоб

Обуна шудан
Китоби нави Рустами Ваҳҳоб, олим ва шоири нависандаи маъруфи тоҷик бо номи “Салом” аз чоп баромад.

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе китоби нави Рустами Ваҳҳоб бо теъдоди 1000 нусха дар нашриёти Абид ба чоп расид. Дар ин бора ба Sputnik нависанда Рустами Ваҳҳоб иттилоъ дод.

Ба гуфтаи нависанда чанде пеш китоби "Дуруст бинависем"-и ӯ чоп шудааст. "Ҷилди дувуми китоби "Адабиёт ва фарҳанги миллӣ" (маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ,ки ҷилди якумаш соли 2012 чоп шуда буд), барои чоп омода шудааст", — афзуд Рустами Ваҳҳоб.

Табиати Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нашри дуввуми “Китоби сурх”-и Тоҷикистон дар Душанбе

Китоби "Салом" иборат аз ашъоре мебошад, ки дар жанру қолабҳо ва мавзӯъҳои гуногун иншо шудаанд. Таърихи таълифи ин ашъор низ аз ибтидои фаъолияти адабии муаллиф то имрӯзро дар бар мегирад. Аз ин лиҳоз маҷмӯаи мавриди назар мунтахаботе нисбатан мукаммал аз осори манзуми шоир мебошад.

Васфи арзишҳои муқаддаси башарӣ, миллӣ ва ватанӣ, худшиносии таърихӣ ва фарҳангӣ, пайванди самимона ва меҳрсиришт ба ин арзишҳо ва ин марзу бум мавзӯи аслӣ ва меҳварии ин маҷмӯаро ташкил медиҳад.

Дар баробари тавсифҳо ва тасвирҳои шоирона, ба бархе масъалаҳои мубрами дунёи муосир аз зовияи диди шоирона назари таҳлилӣ ва таҳқиқӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0